Ба гузориши хабаргузории Абно, артиши реҷими сионистӣ баъд аз гузашти беш аз 2 сол аз оғози амалиёти Тӯфони-ул-Ақсо бо интишори гузоришҳои иттилоотии ҳассос аз ин амалиёт эълом кард, ки неруҳои Ҳамас аз эмоджиҳо ҳамчун код барои ҳамоҳанг кардани амалҳои низомии худ қабл аз оғози амалиёти Тӯфони-ул-Ақсо истифода мекарданд.
Бар асоси гузориши мунташиршуда аз сӯи рӯзномаи Идиот Аҳоронот, ин эмоджиҳо тавассути апликатсияҳои паёмрасон ирсол мешуданд, то нуқоти таҷаммӯъ ва маконҳои дарёфти симкортҳои исроилиро дар ростои замина созӣ барои оғози амалиёт мушаххас кунанд.
Дар таърихи 6 октябр, яъне як рӯз пеш аз ҳамла, фаъол шудани даҳҳо симкорт дар навори Ғазза мушоҳида шуд, ки баъзе аз онҳо исроилӣ буданд. Ин таҳаррукоти сӯи хадамоти «Шабок» расад шуд.
Дар идома реҷими сионистӣ ба ин натиҷа расид, ки ин таҳаррукот қисмате аз раволи муқаррарӣ дар Ғазза аст, ки ҳар чанд ҳафта як бор рух медиҳад.
Your Comment